Приложение 1
Таджикский текст Конституции Республики Таджикистан
*** (Примечание веб-мастера: Это учебный текст. В учебнике приведён вариант на 22 июня 2003 года. В мае 2016 года были внесены поправки в Конституцию РТ)
Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон 6 ноябри соли 1994 дар раъйпурсии умуми- халқй қабул карда шуд. 26 сентябри соли 1999 ва 22 июни соли 2003 бо тариқи раъйпурсии умуми- халқӣ ба он тағйиру иловаҳо ворид карда шудаанд.
Душанбе, соли 2003
КОНСТИТУТСИЯИ (САРҚОНУНИ) ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
мо, ХАЛҚИ тоҷикистон,
қисми ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳон буда, худро дар назди наслҳои гузашта, ҳозира ва оянда масъул ва вазифадор дониста, таъмини соҳибихтиёрии давлати худ ва рушду камоли онро дарк на- муда, озодй ва ҳукуқи шахсро муқадцас шумурда, баробархуқукй ва дӯстии тамоми миллату халқи- ятҳоро эътироф карда, бунёди ҷомеаи адолатпарварро вазифаи худ қарор дода,
ҲАМИН КОНСТИТУТСИЯРО ҚАБУЛ ВА ЭЪЛОН МЕНАМОЕМ.
Боби якум
АСОСҲОИ СОХТОРИ КОНСТИТУТСИОНЙ
Моддаи 1. Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати соҳибихтиёр, демократа, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона мебошад. Тоҷикистон давлати иҷтимой буда, барон ҳар як инсон шароита зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро фароҳам меорад. Ҷумхурии Тоҷикистон ва Тоҷикистон ҳаммаъноянд.
Моддаи 2. Забони давлатии Тоҷикистон забони тоҷикй аст. Забони русй ҳамчун забони муоши- рати байни миллатҳо амал мекунад. Ҳамаи миллатҳо ва халқиятхое, ки дар ҳудуди чумхурй зиндагй мекунанд, ҳақ доранд аз забони модариашон озодона истифода кунанд.
Моддаи 3. Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллй аст.
Моддаи 4. Пойтахти Точикистон шахри Душанбе аст.
Моддаи 5. Инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои он арзиши олӣ мебошанд. Ҳаёт, қадр, номус ва дигар ҳуқуқҳои фитрии инсон дахлнопазиранд. Ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро давлат эътироф, риоя ва ҳифз менамояд.
Моддаи 6. Дар Тоҷикистон халқ баёнгари соҳибихтиёрй ва сарчашмаи ягонаи хокимияти давлатй буда, онро бевосита ва ё ба воситаи вакилони худ амалй мегардонад. Ифодаи олии бевоситаи хокимияти халк раъйпурсии умумихалқй ва интихобот аст. Халқи Тоҷикистонро сарфи назар аз милла- ташон шаҳрвандони Точикистон ташкил менамоянд. Ҳеҷ як иттиҳодияи ҷамъиятй, ҳизбҳои сиёсӣ, гурӯҳи одамон ва ё фарде ҳақ надорад, ки ҳокимията давлатиро ғасб намояд. Ғасби ҳокимият ва ё тасарруфи салохияти он манъ аст. Аз номи тамоми халқи Точикистон факат Президент, Маҷлиси миллй ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷйкистон дар ҷаласаи якҷояи худ ҳу- қуқи сухан гуфтан доранд.
Моддаи 7. Ҳудуди Тоҷикистон тақсимнашаванда ва дахлнопазир мебошад. Тоҷикистон аз Вило- яти Мухтори Кӯхистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳрҳо, ноҳияҳо, шаҳракҳо ва деҳаҳа иборат аст. Соҳибихтиёрй, истиқлолият ва тамомията арзии Тоҷикистонро давлат таъмин менамояд. Тарғиб ва амалиёти ҷудоиандозй, ки ягонагии давлатро халалдор мекунад, манъ аст. Тартиби таъсис ва тағйири воҳидҳои марзиву маъмуриро қонуни конститутсионй танзим менамояд.
Моддаи 8. Дар Точикистон ҳаёти ҷамъиятй дар асоси равияҳои гуногуни сиёсй ва мафкуравй инкишоф меёбад. Мафкураи ҳеҷ як ҳизб, иттиҳодияи ҷамъиятй, динӣ, ҳаракат ва гурӯҳе наметавонад
ба хдйси мафкураи давлатй эътироф шавад. Иттиҳодияҳои ҷамъиятй ва ҳизбҳои сиёсй дар доираи Конститутсия ва қонунҳо таъсис меёбанд ва амал мекунанд. Ташкилотҳои динй аз давлат чудо буда, ба корҳои давлатй мудохила карда наметавонанд. Таъсис ва фаъолияти иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва ҳизбҳои сиёсие, ки нажодпарастй, миллатгарой, хусумат, бадбинии иҷтимой ва мазҳабиро тарғиб мекунанд ва ё барон бо зӯрй сарнагун кардани сохтори конститутсионӣ ва ташкили гурӯҳҳои мусаллаҳ даъват менамоянд, манъ аст.
Модцаи 9. Ҳокимияти давлатй дар асоси таҷзияи он ба ҳокимияти конунгузор, иҷроия ва судй амалй мегардад.
Модцаи 10. Конститутсияи Тоҷикистон эътибори олии ҳуқуқй дорад ва меъёрҳои он мустақиман амал мекунанд. Қонунҳо ва дигар санадҳои ҳуқуқие, ки хилофи Конститутсияанд, эътибори ҳукуқй надоранд. Давлат ва ҳамаи мақомоти он, шахсони мансабдор, шаҳрвандон ва иттиҳодияҳои онҳо вазифадоранд Конститутсия ва қонунҳои ҷумхуриро риоя ва иҷро намоянд. Санадхои хуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, қисми таркибии низоми ҳуқуқии ҷумҳуриро ташкил медиҳанд. Агар қонунҳои чумҳурй ба санадхои ҳуқуқии байналмилалии эътирофшуда мутобиқат накунанд, меъёрҳои санадхои байналмилалй амал мекунанд. Қонунҳо ва санадхои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон эътироф кардааст, пас аз интишори расмй амал мекунанд.
Модцаи 11. Тоҷикистон сиёсати сулҳҷӯёнаро ба амал татбиқ намуда, соҳибихтиёрй ва истик- лолияти дигар давлатҳои ҷаҳонро эҳтиром менамояд ва муносибатҳои хориҷиро дар асоси меъёрҳои байналмилалй муайян мекунад. Ташвиқоти ҷанг манъ аст. Тоҷикистон вобаста ба манфиатҳои олии халқ метавонад ба иттиҳодияҳо ва ташкилотҳои байналмилалй дохил шавад, аз онҳо барояд, бо кишварҳои хориҷй робита намояд. Давлат бо ҳамватанони берунмарзй ҳамкорй мекунад.
Модцаи 12. Асоси иқтасодиёти Тоҷикистонро шаклҳои гуногуни моликият ташкил медиҳанд. Давлат фаъолияти озоди иқгисодй, соҳибкорй, баробарҳуқуқй ва ҳифзи ҳуқуқии ҳамаи шаклҳои моликият, аз ҷумла моликияти хусусиро кафолат медиҳад.
Модцаи 13. Замин, сарватҳои зеризаминй, об, фазой ҳавой, олами набототу ҳайвонот ва дигар боигарии табий моликияти истисноии давлат мебошанд ва давлат истифодаи самараноки онҳоро ба манфиати халқ кафолат медиҳад.
Боби дуюм
ҲУҚУҚ, ОЗОДЙ, ВАЗИФАҲОИ АСОСИИ ИНСОН ВА ШАҲРВАНД
Модцаи 14. Ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ба воситаи Конститутсия, қонунҳои ҷумхурй ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки аз тарафи Тоҷикистон эътироф шудаанд, ҳифз мегарданд. Ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд бевосита амалй мешаванд. Онҳо мақсад, мазмун ва татбиқи қонунҳо, фаъолияти ҳокимияти қонунгузор, иҷроия, маҳаллй ва мақомоти худидоракунии маҳаллиро муайян мекунанд ва ба воситаи ҳокимияти судй таъмин мегарданд. Махдуд кардани ҳуқуқ ва озодихои шаҳрванд танҳо ба мақсади таъмини хуқуқ ва озодии дигарон, тартиботи ҷамъиятй, ҳимояи сохти конститутсионй ва тамомияти арзии ҷумҳурй раво дониста мешавад.
Модцаи 15. Шаҳрванди Тоҷикистон шахсе ҳисоб меёбад, ки дар рӯзи қабули Конститутсия шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон бошад. Мансубияти шаҳрванди Тоҷикистон ба шаҳрванди давлатй дигар эътироф намешавад, ба истиснои мавридҳое, ки дар қонун ва шартномаҳои байнидавлатии Тоҷикистон нишон дода шудааст. Тартиби ба шаҳрвандй қабул шудан ва аз он хориҷ гардиданро қонуни конститутсионй танзим менамояд.
Модцаи 16. Шаҳрванди Тоҷикистон дар хориҷи кишвар таҳти ҳимояи давлат мебошад. Ҳеҷ як шаҳрванди ҷумхуриро ба давлатй хориҷй супурдан мумкин нест. Супурдани ҷинояткор ба давлатй хориҷй дар асоси шартномаи тарафайн ҳал мешавад. Шаҳрванди хориҷй ва шахси бешаҳрванд аз ҳуқуқ ва озодиҳои эълоншуда истифода мебаранд ва баробари шаҳрванди Тоҷикистон вазифа ва масъулият доранд, ба истиснои ҳолатҳое, ки қонун пешбинй намудааст. Тоҷикистон ба шаҳрвандони хориҷие, ки гирифтори вайронкунии хуқуқи инсон гаштаанд, метавонад паноҳгоҳи сиёсӣ диҳад.
Модцаи 17. Ҳама дар назди қонун ва суд баробаранд. Давлат ба ҳар кас, қатъи назар аз миллат, нажод, ҷинс, забои, эътиқоди динй, мавқеи сиёсӣ, вазъи иҷтимой, таҳсил ва молу мулк, ҳуқуқу озодиҳоро кафолат медиҳад. Мардон ва заной баробарҳуқуканд.
Моддаи 18. Ҳар кас ҳаққи зиндагӣ дорад. Ҳеч кас аз ҳаёт маҳрум карда намешавад, ба истиснои ҳукми суд барои ҷинояти махсусан вазнин. Дахлнопазирии шахсро давлат кафолат медиҳад. Ба ҳеҷ кас шиканҷа, ҷазо ва муносибати ғайриинсонй раво дида намешавад. Мавриди озмоиши маҷбурии тиббй ва илмй карор додани инсон манъ аст.
Моддаи 19. Ҳар кас кафолати ҳифзи судй дорад. Ҳар шахе ҳуқук дорад талаб намояд, ки парвандаи ӯро суди босалоҳият, мустақил ва беғараз, ки тибқи қонун таъсис ёфтааст, барраей намояд. Ҳеҷ касро бе асоси конунй дастгир, хабе кардан мумкин нест. Ҳар шахе аз лаҳзаи дастгир шудан метавонад аз ёрии адвокат истифода кунад.
Моддаи 20. Ҳеҷ кас то эътибори қонунй пайдо кардани ҳукми суд дар содир кардани ҷиноят гунахгор дониста намешавад. Ҳеҷ кас баъди гузаштани мӯхлати таъқиби ҷиноӣ, инчунин барои содир кардани рафторе, ки ҳангоми воқеъ шуданаш ҷиноят ҳисоб намеёфт, ба чавобгарй кашида намешавад. Барои як ҷиноят ҳеч кас такроран ҷазо намебинад. Қонуне, ки баъд аз содир шудани рафтори ғайриқонунии шахе қабул шудааст ва он ҷазои шахсро вазнин мекунад, кувваи бозгашт надорад. Агар баъд аз содир шудани рафтори ғайриқонунй барои он ҷазо пешбинй нашуда бошад ва ё чазои сабук пешбинй шуда бошад, қонуни нав амал мекунад. Мусодираи пурраи молу мулки шахеи маҳкумшуда манъ аст.
Моддаи 21. Ҳукуқи чабрдидаро қонун ҳифз мекунад. Давлат ҳифзи судй ва ҷуброни зарарро барои ҷабрдида кафолат медиҳад.
Моддаи 22. Манзили шахе дахлнопазир аст. Ба манзили шахе зӯран даромадан ва касеро аз манзил махрум кардан манъ аст, ба истиснои мавридҳое, ки қонун муқаррар кардааст.
Моддаи 23. Маҳрамияти мукотиба, сӯҳбатҳои телефонй, муросилот ва мухобироти шахе таъмин карда мешавад, ба истиснои мавридхое, ки дар қонун нишон дода шудааст. Дар бораи ҳаёти шахсии инсон бе розигии ӯ ҷамъ намудан, нигоҳ доштан, истифода ва паҳн кардани маълумот манъ аст.
Моддаи 24. Шаҳрванд ба мусофират, интихоби озоди маҳалли зист, тарки ҷумҳурй ва бозгашт ба он ҳақ дорад.
Моддаи 25. Мақомоти давлатӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятй, ҳизбҳои сиёсӣ ва шахсони мансабдор вазифадоранд ба ҳар кас имконияти пайдо намудан ва шинос шуданро ба ҳуҷҷатҳое, ки ба ҳуқуқ ва манфиати ӯ дахл доранд, таъмин намоянд, ба истиснои ҳолатҳое, ки қонун муайян кардааст.
Моддаи 26. Ҳар кас ҳақ дорад муносибати худро нисбат ба дин мустақилона муайян намояд, алоҳида ва ё якҷоя бо дигарон динеро пайравй намояд ва ё пайравй накунад, дар маросим ва расму оинҳои динй иштирок намояд.
Моддаи 27. Шахрванд ҳақ дорад дар ҳаёти сиёсй ва идораи давлатй бевосита ва ё ба воситаи вакилонаш иштирок намояд. Шаҳрвандон ба хидмати давлатй ҳукуқи баробар доранд. Шаҳрванд аз синни 18 ҳуқуқи дар раъйпурсй иштирок кардан, интихоб намудан, инчунин аз синни мукаррар- намудаи Конститутсия, қонунҳои конститутсионӣ ва қонунҳо ҳуқуқи интихоб шуданро дорад. Шах- соне, ки аз тарафи суд ғайри қобили амал дониста шудаанд ва ё мувофиқи хукми суд дар ҷойҳои аз озодй маҳрумшудагон нигоҳ донгга мешаванд, хуқуқи дар интихобот ва раъйпурсй иштирок кардан надоранд. Тартиби гузаронидани интихоботро қонунҳои конститутсионй ва конунҳо танзим мена- моянд. Баргузории раъйпурсй тибқи қонуни конститутсионй сурат мегирад.
Моддаи 28. Шаҳрвандон хукуки муттаҳид шудан доранд. Шахрванд ҳақ дорад дар ташкили хизбҳои сиёсй, аз ҷумла ҳизбҳои характери демократа, динй ва атеиста дошта, иттифоқҳои касаба ва дигар иттаҳодияҳои ҷамъиятй иштирок намояд, ихтаёран ба онҳо дохил ва аз онҳо хорич гардад. Ҳизбҳои сиёсй дар асоси гуногунандешии сиёсй барои ташаккул ва ифодаи иродаи халқ мусоидат мекунанд ва дар ҳаёти сиёсй иштирок менамоянд. Сохтор ва фаъолията онҳо бояд (ба меъёрҳои демократа мувофик бошанд.
Моддаи 29. Шахрванд ҳақ дорад дар маҷлис, гирдиҳамой, намоиш, рахпаймоии осоишта, ки қонун муқаррар кардааст, ширкат варзад. Ҳеҷ касро ба ин тадбирҳо маҷбуран ҷалб кардан мумкин нест.
Моддаи 30. Ба ҳар кас озодии сухан, нашр, ҳуқуки истифодаи воситаҳои ахбор кафолат дода мешавад. Таблиғот ва ташвиқоте, ки бадбинӣ ва хусумати иҷтимой, нажодй, миллй, динй ва забониро бармеангезанд, манъ аст. Сензураи давлатй ва таъқиб барои танқид манъ аст. Номгӯи маълумотҳоеро, ки сирри давлатй доранд, қонун муайян мекунад.
Моддаи 31. Шаҳрванд ҳақ дорад шахсан ва ё якҷоя бо дигарон ба мақомоти давлатй муроҷиат намояд.
Моддаи 32. Ҳар кас ҳақ дорад соҳиби моликият ва мерос бошад. Ҳеҷ кас ҳак надорад ҳуқуқи шахсро ба моликият бекор ва махдуд кунад. Молу мулки шахсро барои эҳтиёҷоти ҷамъият фақат дар асоси конун ва розигии сохиби он бо пардохти арзиши пуррааш давлат гирифта метавонад. Товони зарари моддй ва маънавие, ки шахе дар натиҷаи амали ғайриқонунии мақомоти давлатй, иттиҳо- дияҳои ҷамъиятй, ҳизбҳои сиёсӣ ва ё шахсони алоҳида мебинад, мувофиқи қонун аз хисоби онҳо рӯёнида мешавад.
Моддаи 33. Давлат оиларо ҳамчун асоси ҷамъият ҳимоя мекунад. Ҳар кас хуқуқи ташкили оила дорад. Мардон ва занон, ки ба синни никоқ расидаанд, ҳуқуқ доранд озодона акди никоҳ банданд. Дар оиладорй ва бекор кардани ақци никоҳ зану шавҳар баробарҳуқуқанд. Бисёрникоҳй манъ аст.
Моддаи 34. Модару кӯдак таҳти ҳимоя ва ғамхории махсуси давлатанд. Падару модар барои тарбияи фарзандон ва фарзандони болиғу қобили меҳнат барои нигоҳубин ва таъмини падару модар масъуланд. Давлат барои ҳифзи кӯдакони ятим, маъюб ва таълиму тарбияи онҳо ғамхорй менамояд.
Моддаи 35. Ҳар кас ба меҳнат, интихоби касбу кор, ҳифзи меҳнат ва ҳимояи иҷтимой ҳангоми бекорй ҳақ дорад. Музди кор аз ҳадди ақали музди меҳнат набояд кам бошад. Дар муносибатҳои меҳнатй ҳама гуна махдудият манъ аст. Барои иҷрои кори якхела музди баробар дода мешавад. Ҳеҷ кас ба меҳнати маҷбурй ҷалб карда намешавад, ба истиснои мавридҳое, ки қонун муайян кардааст. Дар корҳои вазнин, зеризаминй ва шароити меҳнаташон зарарнок истифодаи меҳнати занон ва ноболиғон манъ аст.
Моддаи 36. Ҳар кас ба манзил ҳуқуқ дорад. Ин хуқуқ бо роҳи сохтмони манзили давлатй, ҷамъиятй, кооперативй ва хусусй таъмин карда мешавад.
Моддаи 37. Шаҳрванд ҳукуқи истироҳат дорад. Ин ҳукуқ бо роҳи муқаррар кардани ҳафта ва рӯзи корй, рухсатии ҳарсолаи пулӣ, рӯзҳои ҳарҳафтаинаи истироҳат ва шароитҳои дигаре таъмин карда мешавад, ки қонун муайян кардааст.
Моддаи 38. Ҳар шахе хуқуқи ҳифзи саломатй дорад. Шахе дар доираи муқаррарнамудаи конун аз ёрии тиббии ройгон дар муассисаҳои нигахдории тандурустии давлатй истифода менамояд. Давлат барои солимгардонии мухити зист, инкишофи оммавии варзиш, тарбияи ҷисмонӣ ва туризм тадбирҳо меандешад. Шаклҳои дигари ёрии тиббиро қонун муайян мекунад.
Моддаи 39. Ҳар шахе дар пиронсолӣ, ҳангоми беморй, маъюбй, гум кардани кобилияти кор, маҳрум шудан аз сарпараст ва мавридҳои дигаре, ки конун муайян кардааст, кафолати таъмини иҷтимоӣ дорад.
Моддаи 40. Ҳар шахе ҳақ дорад озодона дар ҳаёти фарҳангии ҷамъият, эҷоди бадей, илмй ва техникй ширкат варзад, аз дастовардҳои онҳо истифода кунад. Сарватҳои фарҳангй ва маънавиро давлат ҳимоя мекунад. Моликияти зеҳнй дар ҳимояи қонун аст.
Моддаи 41. Ҳар шахе ҳуқуқи таҳсил дорад. Таълими умумии асосй ҳатмист. Давлат таълими умумии асосии ҳатмии ройгонро дар муассисаҳои таълимии давлатй кафолат медиҳад. Шахе дар доираи муқаррарнамудаи конун дар муассисаҳои таълимии давлатй метавонад ба таври ройгон таълими миёнаи умумй, ибтидоии касбй, миёнаи касбй ва олии касбӣ гирад. Шаклҳои дигари таълимро қонун муайян мекунад.
Моддаи 42. Дар Тоҷикистон ҳар шахе вазифадор аст, ки Конститутсия ва қонунҳоро риоя кунад, хуқуқ, озодй, шаъну шарафи дигаронро эҳтиром намояд. Надонистани қонун ҷавобгариро истисно намекунад.
Моддаи 43. Ҳифзи Ватан, ҳимояи манфиати давлат, таҳкими истиқлолият, амният ва иқтидори мудофиавии он вазифаи муқаддаси шаҳрванд аст. Тартиби хизмати ҳарбиро қонун муайян мекунад.
Моддаи 44. Ҳифзи табиат, ёдгориҳои таърихиву фарҳангӣ вазифаи хар як шахе аст.
Моддаи 45. Додани андоз ва пардохтҳо, ки қонун муайян кардааст, вазифаи ҳар кас мебошад. Қонунҳое, ки андози навро мукаррар мекунанд ва ё шароити андозсупорандагонро вазнин менамоянд, кувваи бозгашт нацоранд.
Моддаи 46. Ҳангоми тахдиди бевосита ба ҳукуку озодиҳои шаҳрвандон, истиқлолияти давлат, тамомияти арзии он ва офатҳои табий, ки дар натиҷаи он мақомоти конститутсионии ҷумҳурй наме- тавонад ба таври мӯьтадил фаъолият намояд, ҳамчун тадбири муваккатй барои амнияти шаҳрвандон ва давлат вазъияти фавқулодда эълон мегардад. Мӯҳлати вазъияти фавқулодда то се моҳ аст. Дар мавридҳои зарурӣ ин мӯхдатро Президента Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонад дароз намояд.
Моддаи 47. Дар давраи вазъияти фавқулодда ҳукуқ ва озодихое, ки дар моддаҳои 16, 17, 18, 19, 20, 22, 25, 28-и Конститутсия пешбинй шудааст, махдуд карда намешавад. Низоми ҳукукии вазъияти фавқулоддаро қонуни конститутсионй муайян мекунад.
Боби сеюм
МАҶЛИСИ ОЛЙ
Моддаи 48. Маҷлиси Олй-парламенти Ҷумҳурии Тоҷикистон — макоми олии намояндагй ва қонунгузори Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Маҷлиси Олй аз ду Мачлис — Мачлиси миллй ва Маҷлиси намояндагон иборат аст. Мӯҳлати ваколати Мачлиси миллй ва Маҷлиси намояндагон 5 сол аст. Ваколати Мачлиси миллй ва Мачлиси намояндагон дар рӯзи огози фаъолияти Мачлиси миллй ва Мачлиси намояндагони даъвата нав қатъ мегардад. Ташкил ва фаъолияти Маҷлиси Олиро қонуни конститутсионй танзим мекунад.
Моддаи 49. Интихоботи Маҷлиси намояндагон ба таври умумй, баробар, мустаким ва бо овоз- диҳии пинҳонй сурат мегирад. Мачлиси намояндагон доимоамалкунанда ва касбй мебошад. Ҳар як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки синни ӯ аз 25 кам набошад ва дорой таҳсилоти олй бошад, метавонад вакили Мачлиси намояндагон интихоб шавад. Аз чор се хиссаи аъзои Мачлиси миллй ба таври ғайримустақим дар маҷлисҳои якҷояи вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва шаҳру ноҳияҳои он, вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои онҳо, шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои он, шахру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ (якчоя) бо овоздиҳии пинҳонй интихоб мегардад. Дар Мачлиси миллй Вилояти Мухтори Кӯхистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳрҳо ва нохияҳои тобеи ҷумҳурӣ намояндагони баробар доранд. Аз чор як хиссаи аъзои Маҷлиси миллиро Президента Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин мекунад. Фаъолияти Мачлиси миллй даъвата мебошад. Ҳар як шахр- ванди Ҷумхурии Точикистон, ки синни ӯ аз 35 кам набошад ва дорой таҳсилоти олй бошад, метавонад узви Мачлиси миллй интихоб ё таъин шавад. Ҳар Президента собиқи Ҷумхурии Точикистон узви якумраи Маҷлиси миллй мебошад, агар ӯ аз истифодаи ин ҳақ даст накашад. Қонуни конститутсионй шумораи аъзои Мачлиси миллй ва вакилони Маҷлиси намояндагон, тартиби интихоби онхо, тартаби интихоб нашудан ва мувофик набудани ваколати аъзои Мачлиси миллй ва вакилони Мачлиси намояндагонро танзим мекунад.
Моддаи 50. Аъзои Ҳукумат, судяҳо, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, хизматчиёни ҳарбӣ ва шахсони дигаре, ки қонуни конститутсионй муайян кардааст, наметавонанд узви Мачлиси миллй бошанд. Шаҳрванд наметавонад дар як вақт узви Мачлиси миллй ва вакили Мачлиси намояндагон бошад. Узви Мачлиси миллй наметавонад вакили зиёда аз ду макоми намояндагй бошад. Вакили Мачлиси намояндагон наметавонад вакили дигар мақомоти намояндагй бошад, вазифаи дигареро иҷро кунад, фаъолияти соҳибкорй намояд, ба истиснои фаъолияти илмиву эҷодй ва омӯзгорй.
Моддаи 51. Узви Мачлиси миллй ва вакили Мачлиси намояндагон ба амри интахобкунандагон тобеъ набуда, ҳақ дорад фикри худро озодона изхор намояд, мувофики ақидаҳои худ овоз диҳад. Узви Мачлиси миллй ва вакили Мачлиси намояндагон ҳукуқи дахлнопазирй дорад, ӯрФ ҳабс кардан, дастгир кардан, маҷбуран овардан, кофтуков кардан мумкин нест, ба истиснои дастгир шуданаш дар Чои содири чиноят. Узви Мачлиси миллй ва вакили Мачлиси намояндагон ҳамчунон мавриди кофтукови шахсй карор дода намешавад, ба истиснои ҳолатҳое, ки қонун барои таъмини амнияти дигарон мукаррар намудааст. Масъалаи маҳрум намудани дахлнопазирии узви Мачлиси миллй ва вакили Маҷлиси намояндагон бо пешниҳоди Прокурори генералй аз ҷониби мачлиси дахлдор қал карда мешавад. Ваколати узви Маҷлиси миллй ва вакили Маҷлиси намояндагон ҳангоми вафот, истеъфо, ғайри қобили амал эътироф шудани онҳо аз чониби суд, ба кувваи конунй даромадани ҳукми айбдоркунии суд, қатъи шаҳрвандй, тарки доимии чумхурй, ишголи вазифае, ки ба ваколати узви Маҷлиси миллй мувофиқ нест, парокандашавии Маҷлиси миллй ва Маҷлиси намояндагон қать мегардад. Вазъи хукуқии узви Маҷлиси миллй ва вакили Маҷлиси намояндагонро қонуни конститутсионй танзим менамояд.
Моддаи 52. Иҷлосияи якуми Маҷлиси миллй ва Маҷлиси намояндагонро дар давоми як моҳи баъди интихоби онҳо Президента Ҷумхурии Тоҷикистон даъват мекунад. Ичлосияи якуми Мачлиси миллй ва Мачлиси намояндагонро узв ва вакили синну солаш калонтарин мекушояд ва то интихоб шудани раисони ин Мачдисҳо онро мебарад. Фаъолияти Мачлиси миллй дар шакли ичлосия сурат мегирад. Иҷлосияи Маҷлиси миллй соле на камтар аз чор бор аз тарафи Раиси Мачлиси миллй даъват карда мешавад. Фаъолияти Мачлиси намояндагон дар шакли ичлосия сурат мегирад. Ичлосияи навба- тии Мачлиси намояндагон дар як сол як маротиба аз рӯзи аввали кории моҳи октябр то рӯзи охирини кории моҳи июн гузаронида мешавад. Дар давраи байни ичлосияҳои Мачлиси миллй ва Мачлиси намояндагон ҳангоми зарурат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ичлосияҳои ғайринавбатии онҳоро даъват менамояд. Дар ин иҷлосияҳо танҳо он масъалаҳое баррасй мешаванд, ки боиси даъвати ин иҷлосияҳо гаштаанд.
Моддаи 53. Маҷлиси миллй ва Мачлиси намояндагон аз байни аъзо ва вакилон раисони Маҷ- лисҳо, муовинони якум ва муовинони онҳоро интихоб менамоянд. Яке аз муовинони Раиси Мачлиси миллй аз ҳисоби намояндагони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон мебошад. Раиси Мачлиси миллй ва Раиси Мачлиси намояндагон бо овоздиҳии пинҳонй бо тарафдории аксарияти шумораи умумии аъзо ва вакилони онҳо интихоб мешаванд. Тартиби интихоби муовинони Раиси Мачлиси миллй ва Раиси Мачлиси намояндагонро Дастури Маҷлисҳо танзим мекунад. Раисони Мачлиси миллй ва Мачлиси намояндагон дар назди Мачлиси дахлдор ҳисоботдиҳанда мебошанд ва онҳо метавонанд бо тарафдории на камтар аз се ду ҳиссаи шумораи умумии аъзо ва вакилон бозхонда шаванд. Раисони Мачлиси миллй ва Мачлиси намояндагон, муовинони якум ва муовинони онҳо ба ичлосия роҳбарй мекунанд ва дигар масъалаҳои дахлдорро ҳал менамоянд. Мачлиси миллй ва Мачлиси намояндагон мақомоти ҳамоҳангсозанда ва кории худро мустақилона ташкил медиҳанд, инчунин кумита ва комиссияҳои дахлдорро таъсис менамоянд ва аз рӯи масъалаҳои ба Маҷлисҳо тааллуқцошта муҳокимаҳои парламентй дойр мекунанд. Макомоти ҳамоҳангсозандаи Маҷлиси миллй ва Маҷлиси намояндагон дар алоҳидагй ҷаласа мегузаронанд. Мачлиси миллй ва Маҷлиси намояндагон Дастури фаъолияти худро қабул мекунанд.
Моддаи 54. Мачлиси миллй ва Мачлиси намояндагон алоҳида ҷаласа мегузаронанд. Ҷаласаҳои Маҷлиси миллй ва Мачлиси намояндагон ҳамон вакт гузаронида мешавад, ки агар аз се ду ҳиссаи шумораи умумии аъзо ва вакилони онҳо ҳузур дошта бошанд. Ҷаласаҳои Маҷлиси миллй ва Мачлиси намояндагон ошкоро гузаронида мешаванд. Дар ҳолатхои пешбиникардаи қонун ва Дастури Мачлиси миллй ва Мачлиси намояндагон мумкин аст ҷаласаи пӯшида гузаронида шавад. Мачлиси миллй ва Мачлиси намояндагон дар ҳолатҳои пешбининамудаи Конститутсия ҷаласаҳои якҷоя мегузаронанд.
Моддаи 55. Салоҳияти Мачлиси миллй ва Мачлиси намояндагон ҳангоми гузаронидани ҷала- саҳои якҷоя: 1. Тасдиқи фармони Президент дар бораи таъин намудан ва озод кардани Сарвазир ва дигар аъзои Ҳукумат; 2. Тасдиқи фармони Президент дар бораи ҷорӣ намудани ҳолати ҷангӣ ва вазъияти фавқулодда; 3. Ризоият ба истифодаи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон берун аз ҳудуди он барои ичрои ӯхдадориҳои байналмилалии Точикистон; 4. Таъини интихоботи Президент; 5. Қабули истеъфои Президент; 6. Сарфароз гардонидани Президент бо мукофотҳои давлатй ва рутбаи олии ҳарбй; 7. Баррасии масъалаи дахлнопазирии Президент. Маҷлиси миллй ва Мачлиси намояндагон дар ҷаласаҳои якчояи худ аз рӯи масъалаҳои зикршудаи салоҳияташон қарор кабул мекунанд. Қарори якҷояи Мачлиси миллй ва Маҷлиси намояндагон бо тарафдории аксарияти шумораи умумии аъзои Мачлиси миллй ва вакилони Мачлиси намояндагон, ки хар яке аз мачлисҳо дар алохидагй овоз медиҳанд, қабул мегардад, агар тартиби дигари қабули қарорро Конститутсия муқаррар накарда
бошад. Дар ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллй ва Маҷлиси намояндагон Президент савганд ёд мекунад ва бо паёми худ дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилй ва хориҷии ҷумҳурй баромад менамояд.
Модцаи 56. Салоҳияти Маҷлиси миллй: 1. Таъсис ва барҳам додани вохидхои марзиву маъмурй ва тағйири онҳо; 2. Интихоб ва бозхонди раис, муовинон ва судяҳои Суди конститутсионй, Суди Олй ва Суди Олии иқтисодй бо пешниҳоди Президент; 3. Ҳалли масъалаи бекор кар дани дахлнолазирии раис, муовинон ва судяҳои Суди конститутсионй, Суди Олй ва Суди Олии иқтисодй; 4. Ризоият барои таъин ва озод намудани Прокурори генералй ва муовинони ӯ; 5. Амалй намудани ваколатҳои дигаре, ки Конститутсия ва қонунҳо муайян кардаанд. Мачлиси миллй аз рӯи масъалаҳои дар салоҳияташ буда қарор кабул мекунад. Қарори Маҷлиси миллй бо тарафдории аксарияти шумораи умумии аъзои он кабул мегардад, агар тартиби дигари кабули қарорро Конститутсия мукаррар накарда бошад.
Модцаи 57. Салоҳияти Маҷлиси намояндагон: 1. Таъсиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон, интихоб ва бозхонди раис, муовин ва аъзои он бо пешниҳоди Президент; 2. Ба муҳокимаи халқ пешниҳод намудани лоиҳаи қонунҳо ва дигар масъалаҳои муҳими давлатию чамъиятй; 3. Тасдиқи барномаҳои иқтисодй ва иҷтимой; 4. Ризоият ба додугирифти қарзи давлатй; 5. Тасдиқ ва бекор кардани шартномаҳои байналмилалй; 6. Таъини раъйпурсй; 7. Таъсиси судҳо; 8. Тасдиқи рамзҳои давлатй; 9. Тасдиқи мукофотҳои давлатй; 10. Тасдики фармонҳои Президент дар бораи таъин ва озод намудани раиси Бонки миллй ва муовинони ӯ; 11. Мукаррар намудани ругбаҳои ҳарбй, дипломата, рутбаҳо ва унвонҳои махсус; 12. Муайян намудани маоши Президент; 13. Амалй намудани ваколатхои дигаре, ки Конститутсия ва конунҳо муайян кардаанд. Маҷлиси намояндагон аз рӯи масъалаҳои дар салоҳияташ буда карор кабул мекунад. Қарори Маҷлиси намояндагон бо тарафдории аксарияти шумораи умумии вакилон кабул мегардад, агар тартиби дигари кабули қарорро Конститутсия муайян накарда бошад. Дар ҷаласаи Маҷлиси намояндагон роҳбарони давлатҳои хоричй метавонанд суханронй кунанд.
Модцаи 58. Аъзои Маҷлиси миллй, вакили Мачлиси намояндагон, Президента Ҷумҳурии ТоҷикиСтон, Ҳукумата Тоҷикистон, Мачлиси вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорй доранд.
Модцаи 59. Лоиҳаи қонунҳо ба Маҷлиси намояндагон пешниҳод мешаванд. Лоиҳаи конун дар бораи авф аз тарафи Президента Ҷумқурии Тоҷикистон ба Маҷлиси намояндагон пешниҳод мешавад. Лоиҳаи Қонун дар бораи будет, оид ба мукаррар кардан ва бекор кардани андозҳо аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Точикистон ба Мачлиси намояндагон пешниҳод мешавад.
Модцаи 60. Қонунҳоро Маҷлиси намояндагон кабул менамояд. Қонун бо тарафдории аксарияти шумораи умумии вакилон кабул мегардад, агар тартиби дигарро Конститутсия мукаррар накарда бошад. Қонунҳое, ки Мачлиси намояндагон кабул намудааст ба Мачлиси миллй пешниҳод мешаванд, ба истиснои қонунҳо дар бораи буҷети давлатй ва авф. Мачлиси миллй қонунро бо тарафдории аксарияти шумораи умумии аъзои худ ҷонибдорй мекунад. Дар мавриди дастгирй наёфтани қонун аз чониби Мачлиси миллй конун такроран дар Мачлиси намояндагон баррасй мешавад. Дар сурати бо қарори Мачлиси миллй норозй будани Мачлиси намояндагон, қонун ҳамон вақт қабулшуда ҳисоб мешавад, ки агар Мачлиси намояндагон онро такроран бо тарафдории на камтар аз се ду ҳйссаи шумораи умумии вакилон тасдиқ намояд. Қонунҳо дар бораи бучети давлатй ва авф танҳо аз ҷониби Мачлиси намояндагон кабул карда мешаванд. Мачлиси намояндагон иҷрои бучети давлатиро назорат мекунад.
Модцаи 61. Қонунҳои конститутсионй оид ба масъалаҳое кабул мешаванд, ки Конститутсия муайян намудааст. Қонунхои конститутсионй бо тарафдории на камтар аз се ду ҳиссаи шумораи умумии вакилони Мачлиси намояндагон кабул мегарданд ва Мачлиси миллй бо тарафдории на камтар аз се ду ҳиссаи аъзои худ чонибдорй мекунад. Дар сурати бо Қарори Маҷлиси миллй норозй будани Мачлиси намояндагон, конуни конститутсионй ҳамон вақт қабулшуда ҳисбб мешавад, ки агар Мачлиси намояндагон онро такроран бо тарафдории на камтар аз се ду хиссаи шумораи умумии вакилон тасдиқ намояд. Тафсири Констатутсияро Мачлиси Олй тибқи тартиби мазкур баррасй намуда, дар шакли конуни конститутсионй кабул менамояд.
Модцаи 62. Қонунҳо барои имзо ва интишор ба Президента Ҷумхурии Тоҷикистон пешниҳод мешаванд. Агар Президент ба қонун ё қисми он розй набошад, қонунро дар муддати понздаҳ рӯз бо далелу эродҳо ба Маҷлиси намояндагон бармегардонад. Маҷлиси миллй ва Маҷлиси намояндагон бо тартиби муқарраркардаи Конститутсия қонуни мазкурро такроран баррасй менамоянд. Дар сурати баррасии такрорй қонун дар матни пенггар кабулшудааш бо аксарияти аз се ду ҳиссаи шумораи умумии аъзои Маҷлиси миллй ва вакилони Маҷлиси намояндагон дастгирй ёбад, Президент дар муддати даҳ рӯз ба қонун имзо мегузорад ва онро интишор менамояд. Ҳангоми баррасии қонуни аз тарафи Президента Ҷумхурии Тоҷикистон баргардонидашуда, ки онро пенггар Маҷлиси намояндагон бо аз се ду ҳиссаи овозҳо қабул намуда буд, Маҷлиси миллй ва Маҷлиси намояндагон онро такроран бо аксарияти на камтар аз се ду ҳиссаи овозҳо тарафдорй мекунанд. Агар Президент конуни констатутсиониро баргардонад, Маҷлиси намояндагон ва Маҷлиси миллй бо тартиби мукарраркардаи Конститутсия конуни мазкурро такроран баррасй менамоянд. Дар сурати баррасии такрорй конуни конститутсионй дар матни пештар кабулшудааш бо аксарияти аз чор се ҳиссаи шумораи умумии аъзои Маҷлиси миллй ва вакилони Маҷлиси намояндагон тасдиқ шавад, Президент дар муддати даҳ рӯз ба қонуни конститутсионй имзо мегузорад ва онро интишор менамояд.
Моддаи 63. Маҷлиси миллй ва Маҷлиси намояндагон метавонанд пеш аз мӯхлат дар ҷаласаи якҷояи худ бо тарафдории на камтар аз се ду ҳиссаи аъзои Маҷлиси миллй ва вакилони Маҷлиси намояндагон ихтаёран пароканда шаванд. Маҷлиси миллй ва Маҷлиси намояндагон дар давраи вазъията фавкулодда ва ҳолати ҷангй пароканда намешаванд.
Боби чаҳорум
ПРЕЗИДЕНТ
Моддаи 64. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сарвари давлат ва ҳокимияти иҷроия (Ҳукумат) аст. Президент ҳомии Конститутсия ва қонунҳо, хуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, кафили истақ- лолията миллй, ягонагй ва тамомията арзй, пойдориву бардавомии давлат, мураттабии фаъолията мақомота давлатй ва ҳамкории онҳо, риояи қарордодҳои байналмилалии Тоҷикистон мебошад.
Моддаи 65. Президентро шаҳрвандони Тоҷикистон ба тарзи умумй, мустақим, баробар ва овоздиҳии пинҳонй ба мӯхлати 7 сол интихоб менамоянд. Ҳар як шаҳрванди Ҷумхурии Тоҷикистон, ки синни ӯ аз 35 кам набошад, забони давлатиро донад ва дар қаламрави ҷумҳурй на камтар аз 10 соли охир истиқомат доигга бошад, метавонад ба номзадии Президент пешниҳод гардад. Шахсе ба номзадии Президент ба қайд гирифта мешавад, ки ҳадди ақал 5 фоизи интихобкунандагон ба пешниҳоди номзадии ӯ имзо гузошта бошанд. Як шахе ба вазифаи Президент бештар аз ду мӯхлат пай дар пай интихоб шуда наметавонад.
Моддаи 66. Интахоботи Президент вақте боэътимод шумурда мешавад, ки дар он аз нисф зиёди интихобкунандагон ширкат варзида бошанд. Номзаде Президент интахобшуда ҳисоб меёбад, ки ба тарафдории ӯ бештар аз нисфи интихобкунандагони ширкатварзида овоз дода бошанд. Тартиби интихоби Президентро қонуни конститутсионй муайян мекунад.
Моддаи 67. Президент пеш аз шуруъи вазифа дар ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллй ва Маҷлиси намояндагон савганд ёд мекунад: “Ман, ҳамчун Президент савганд ёд мекунам, ки Конститутсия ва қонунҳои ҷумҳуриро химоя менамоям, таъмини хуқуқ, озодиҳо ва шарафи шаҳрвандонро кафолат медиҳам, сарзамин, истақлолияти сиёсиву иқгисодй ва фарҳангии Тоҷикистонро ҳифз мекунам, ба халқ содиқона хидмат менамоям”. Ваколати Президент баъд аз савганд ёд кардани Президенти нав қатъ мегардад.
Моддаи 68. Президент наметавонад вазифаи дигарро иҷро намояд, вакили мақомота намояндагй бошад, ба соҳибкорй машғул шавад.
Моддаи 69. Салоҳйята Президент: 1. Самтҳои асосии сиёсати дохилй ва хориҷии ҷумҳуриро муайян мекунад; 2. Тоҷикистонро дар дохили кишвар ва дар муносибатҳои байналмилалй намояндагй мекунад; 3. Вазоратҳо ва кумитаҳои давлатиро таъсис ва барҳам медиҳад; 4. Сарвазир ва дигар аъзои хукуматро таъин ва озод мекунад; фармон дар бораи таъин ва озод кардани Сарвазир ва дигар аъзои Ҳукуматро ба тасдиқи ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллй ва Маҷлиси намояндагон пешниҳод менамояд;
5. Раисони Вилоята Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳияро таъин ва озод мекунад ва ба тасдиқи Маҷлиси дахлдори вакилони халқ пешниҳод менамояд; 6. Санадҳои макомоти ҳокимияти иҷроияро ҳангоми мухолифати онҳо ба Конститутсия ва қонунҳо бекор мекунад ва ё бозмедорад; 7. Раиси Бонки милли ва муовинони ӯро таъин ва озод мекунад ва фармонро ба тасдиқи Мачлиси намояндагон пешниҳод менамояд; 8. Номзадии раис, муовинон ва судяҳои Суди конститутсионй, Суди Олй, Суди Олии иқгисодиро барои интихоб ва бозхонд ба Маҷлиси милли пешниход менамояд; 9. Бо ризоияти Маҷлиси миллй Прокурори генералй ва муовинони ӯро таъин ва озод мекунад; 10. Дасттоҳи ичроияи Президентро таъсис медихад; 11. Шурой амниятро таъсис ва роҳбарй мекунад; 12. Шурой адлияро таъсис медихад; 13. Судяҳои суди ҳарбй, судҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳия ва судхои иктисодии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоят, шаҳри Душанберо бо пешниҳоди Шӯрои адлия таъин ва озод мекунад; 14. Раъйпурсй, интихоботи Маҷлиси миллй ва Маҷлиси намояндагон ва мақомоти намояндагии маҳаллиро таъин мекунад; 15. Ба қонунҳо имзо мегузорад; 16. Низоми пулиро муайян менамояд ва маълумотро ба Мачлиси миллй ва Маҷлиси намояндагон пешниход менамояд; 17. Ихтиёрдор ва масъули сармояи захиравй мебошад; 18. Ба татбиқи сиёсати хориҷй роҳбарй мекунад, қарордодҳои байналмилалиро имзо ва ба тасдиқи Мачлиси намояндагон пешниход менамояд; 19. Сарони намояндагиҳои дипломатиро дар давлатхои хориҷй, намояндаҳои ҷумҳуриро дар ташкилотҳои байналмилалй таъин ва озод мекунад; 20. Эътимодномаҳои сарони намояндагиҳои дипломатии давлатхои хориҷиро кабул менамояд; 21. Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон мебошад; фармондеҳони қӯшунҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Точикистонро таъин ва озод мекунад; 22. Ҳангоми тахдиди хатари воқей ба амнияти давлат ҳолати ҷангро эълон менамояд ва фармонро ба тасдиқи ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллй ва Маҷлиси намояндагон пешниход мекунад; 23. Барои иҷрои ӯхдадориҳои байналмилалии Тоҷикистон Қуввахои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Точикистонро берун аз ҳудуди он бо ризоияти Маҷлиси миллй ва Маҷлиси намояндагон истифода мебарад; 24. Дар саросари ҷумҳурй ва ё дар маҳалҳои алоҳидаи он вазъияти фавқулодда эълон намуда, фармонро фавран ба тасдиқи ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллй ва Маҷлиси намояндагон пешниход менамояд ва ба Созмони Милали Муттаҳид хабар медихад; 25. Масгьалаҳои шаҳрвандиро хал мекунад; 26. Паноҳгоҳи сиёсй медихад; 27. Масаълаҳои бахшиши ҷазоро ҳал мекунад; 28. Бо рутбаҳои олии ҳарбй, дипломатй, рутбаҳо ва унвонҳои махсус сарфароз мегардонад; 29. Шахрван- донро бо мукофотхои давлатӣ, ҷоизаҳои давлатй, нишонҳо ва унвонҳои ифтихории Тоҷикистон сарфароз мегардонад; 30. Ваколатҳои дигареро, ки Конститутсия ва қонунҳо муайян кардаанд, амалй менамояд.
Моддаи 70. Президент дар доираи салоҳияти худ фармон мебарорад ва амр медиҳад, дар бораи вазъи кишвар ба ҷаласаи якчояи Мачлиси миллй ва Мачлиси намояндагон маълумот медиҳад, масъа- лаҳоеро, ки заруру мухим мешуморад, ба муҳокимаи ҷаласаи якҷояи Мачлиси миллй ва Маҷлиси намояндагон пешниход менамояд.
Моддаи 71. Ҳангоми вафот, истеъфо ва ғайри қобили амал донистани Президент вазифаи ӯ то ба вазифааш шурӯъ намудани Президента нав ба зиммаи Раиси Мачлиси миллй мегузарад. Дар ин маврид ваколати Раиси Мачлиси миллй ба зиммаи муовини якуми ӯ мегузарад. Дар ҳолатҳои зикршуда дар мӯхдати се моҳ интихоботи Президент гузаронида мешавад. Ваколатхои Президент дар ҳолате, ки ӯ дар чаласаи якчояи Мачлиси миллй ва Мачлиси намояндагон дар бораи ба истеъфо баромаданаш хабар медихад, бо тарафдории аксарияти аъзои Мачлиси миллй ва вакилони Мачлиси намояндагон, ки ҳар яке аз онҳо дар алоҳидагй овоз медиҳанд, қать карда мешавад. Дар сурате, ки Президент бинобар беморй вазифаҳои худро иҷро карда натавонад, ҳар ду Маҷлис дар ҷаласаи якҷояи худ дар асоси хулосаи комиссияи тиббии давлатии ташкил кардаашон, дар бораи пеш аз мӯхдат аз мансаб озод намудани Президент бо тарафдории на камтар аз се ду ҳиссаи овозҳои шумораи умумии аъзо ва вакилони ҳар яке аз Маҷлисҳо қарор қабул мекунанд. I
Моддаи 72. Президент ҳуқуқи дахлнопазирй дорад. Дахлнопазирии Президент дар сурати аз тарафи ӯ содир шудани хиёнат ба давлат дар асоси хулосаи Суди конститутсионй ва бо тарафдории аз се ду хиссаи шумораи умумии аъзои Мачлиси миллй ва вакилони Мачлиси намояндагон, ки хар яке аз онҳо дар алоҳидагй овоз медиханд, бекор карда мешавад.
Боби панчум
ҲУКУМАТ
Модцаи 73. Ҳукумати ҷумҳурй аз Сарвазир, муовини якум ва муовинони ӯ, вазирон, раисони кумитаҳои давлатй иборат аст. Ҳукумат роҳбарии самараноки соҳаҳои иқтисодй, иҷтимой, фарҳангй ва иҷрои қонунҳо, қарорҳои якҷояи Маҷлиси миллй ва Маҷлиси намояндагон, қарорҳои Маҷлиси миллй, қарорҳои Маҷлиси намояндагон, фармону амрҳои Президента Тоҷикистонро таъмин мекунад. Аъзои Ҳукумат наметавонанд вазифаи дигареро иҷро намоянд, вакили макомоти намояндагй бошанд, ба соҳибкорй машғул шаванд, ба истиснои фаъолията илмиву эҷодй ва омӯзгорй.
Модцаи 74. Ҳукумат мувофиқи Конститутсия ва қонунҳои ҷумҳурӣ карор мебарорад ва фармоиш медиҳад, ки иҷрои онҳо дар қаламрави Тоҷикистон ҳатмист. Ҳукумат ваколаташро дар назди Президента навинтихобшуда вомегузорад. Ҳукумат дар мавриди ғайри имкон донистани иҷрои фаъолияти мӯътадили худ метавонад ба Президент аз хусуси истеъфо арз намояд. Ҳар як узви Ҳукумат ҳуқуқи истеъфо дорад. Тартиби ташкил, фаъолият ва салоҳияти Ҳукуматро қонуни констатугсионӣ муайян мекунад.
Моддаи 75. Ҳукумат барномаҳои иқгисодиву иҷтимой, сиёсати додугирифта карзи давлатй ва ёрии иқтасодй ба дигар давлатҳо, лоиҳаи буҷети давлатй, масъалаи андозаи имконпазири касри буҷети давлатй ва манбаи ҷуброни онро ба Маҷлиси намояндагон пешниҳод менамояд.
Боби шашум
ҲОКИМИЯТИ МАҲАЛЛӢ
Моддаи 76. Ҳокимията маҳаллй аз мақомоти намояндагй ва иҷроия иборат буда, дар доираи салоҳияти худ амал мекунад. Онҳо иҷрои Конститутсия, қонунҳо, қарорҳои якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон, қарорҳои Маҷлиси миллй, қарорҳои Маҷлиси намояндагон, санадҳои Президент ва Ҳукумати Ҷумхурии Тоҷикистонро таъмин менамоянд.
Моддаи 77. Мақомоти намояндагии маҳаллй дар вилоят, шаҳр ва ноҳия Маҷлиси вакилони халқ аст, ки онро раис роҳбарӣ мекунад. Мӯхдати ваколата Маҷлиси вакилони халқ 5 сол аст. Маҷлиси вакилони халқ буҷети маҳаллй ва ҳисобота иҷрои онро тасдиқ мекунад, роххои инкишофи иқти- содиву иҷтимоии маҳалро муайян менамояд, андоз ва пардохти маҳаллиро мувофиқи қонун муқаррар мекунад, дар доираи қонун тарзи идора ва ихтиёрдории моликияти коммуналиро муайян менамояд ва ваколатҳои дигареро амалй месозад, ки Конститутсия ва қонунҳо муайян кардаанд.
Моддаи 78. Ҳокимияти иҷроияро дар маҳал намояндаи Президент — раиси вилоят, шаҳр ва нохия амалӣ мегардонад. Мақомота намояндагй ва иҷроияро дар воҳидҳои маъмурию марзй раис сарварӣ мекунад. Раиси Вилоята Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳияро Президент таъин ва озод мекунад ва ба тасдиқи Мачдиси вакилони халқи дахлдор пешниҳод менамояд. Раис дар назди мақомоти болой ва Маҷлиси вакилони халқи дахлдор масъул аст. Тартиби ташкил, ваколат ва фаъолияти мақомота ҳокимияти маҳаллиро қонуни конститутсионй танзим менамояд. Мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот ҷамоат аст, ки тартиби ташкил, ваколат ва фаъолияти онро қонун танзим менамояд.
Моддаи 79. Мақомоти намояндагй ва раис дар доираи салоҳияти худ санадҳои ҳуқукй қабул мекунанд, ки иҷрояшон дар он қаламрав хатмист. Дар сурата бо Конститутсия ва қонун мувофиқат накардани санадҳои мақомота намояндагй ва раис онҳо аз тарафи мақомоти болой, худи ин мақомот, раис ва ё суд бекор карда мешаванд.
Моддаи 80. Дар сурата талабота Конститутсия ва қонунро мунтазам иҷро накардани Маҷлиси вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳия Маҷлиси миллй метавонад онро пароканда намояд.
Боби ҳафтум
ВИЛОЯТИ МУХТОРИ КӮҲИСТОНИ БАДАХШОН
Моддаи 81. Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон кисми таркибй ва ҷудонопазири Ҷумҳурии Тоҷикистон аст. Ҳудуди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бе ризоияти Маҷлиси вакилони халқи вилоят тағйир дода намешавад.
Моддаи 82. Мачлиси вакилони халки Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорй дорад.
Моддаи 83. Салоҳияти Вилояти Мухтори Кӯхистони Бадахшон дар соҳаи иҷтимоӣ, иқтисодй, фарҳангй ва ваколатҳои дигари вилоятро қонуни конститутсионй танзим мекунад.
Боби хаштум
СУД
Модцаи 84. Ҳокимияти судӣ мустакил буда, аз номи давлат ва аз тарафи судяҳо амалй мегардад. Ҳокимияти судй ҳуқуқ, озодии инсону шаҳрванд, манфиати давлат, ташкилоту муассисаҳо, қонунияту адолатро ҳифз менамояд. Адолати судиро Суди конститутсионй, Суди Олй, Суди Олии иқтисодй, Суди ҳарбй, Суди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, судҳои вилоят, шахри Душанбе, шаҳр ва ноҳия, Суди иқгисодии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, судҳои иктисодии вилоят ва шаҳри Душанбе амалӣ мекунанд. Тарзи ташкил ва фаъолияти судро қонуни конститутсионй муайян мекунад. Мӯҳлати ваколати судяҳо 10 сол аст. Ташкили суди фавқулодда манъ аст.
Модцаи 85. Ба вазифаи судяҳои Суди Олй, Суди Олии иқтисодӣ, Суди Вилояти Мухтори Кӯхис- тони Бадахшон, суди вилоят ва шахри Душанбе ҳуқуқшиносе интихоб ва таъин мешавад, ки синни ӯ аз 30-сола кам ва аз 65 зиёд набошад, ҳадци акал 5 сол собиқаи корни судягй дошта бошад. Ба вазифаи судяҳои шаҳр ва нохдя, Суди харбй, Суди иктисодии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоят ва шахри Душанбе шахсе таъин мешавад, ки синни ӯ аз 25 кам ва аз 65 зиёд набошад, ҳадци акал 3 сол собиқаи кории касбй дошта бошад.
Моддаи 86. Судяҳои Суди ҳарбӣ, судяҳои Суди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳия, судяҳои Суди иктисодии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоят ва шахри Душанберо бо пешниҳоди Шӯрои адлия Президент таъин ва озод мекунад.
Модцаи 87. Судяҳо дар фаъолияти худ мустақил буда, танҳо ба Конститутсия ва конун итоат мекунанд. Дахолат ба фаъолияти онҳо манъ аст.
Моддаи 88. Судяҳо парвандаҳоро ба таври дастҷамъй ва ё танхо баррасй мекунанд. Мурофиа ба тарзи мубоҳиса ва дар асоси баробарии тарафҳо сурат мегирад. Мурофиа дар ҳамаи судҳо ба тарзи ошкоро мегузарад, ба истиснои мавридҳое, ки қонун муайян кардааст. Мурофиа ба забони давлатй ва ё забони аксарияти аҳолии маҳал баргузор мегардад. Шахсоне, ки забони мурофиаро намедонанд, бо тарҷумон таъмин карда мешаванд.
Моддаи 89. Суди конститутсионй аз 7 нафар иборат буда, яке аз онҳо намояндаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон мебошад. Ба вазифаи судяи Суди конститутсионй хукукшиносе интихоб мешавад, ки синни ӯ аз 30 кам ва аз 65 зиёд набошад ва беш аз 10 сол собиқаи кории касбй дошта бошад. Салоҳияти Суди конститутсионй: 1) муайян намудани мувофиқати қонунҳо, санадҳои хуқуқии якҷояи Маҷлиси миллй ва Маҷлиси намояндагон, Маҷлиси мйллй, Маҷлиси намояндагон, Президент, Ҳукумат, Суди Олй, Суди Олии иқтисодй ва дигар мақомоти давлатию ҷамъиятӣ, қарор- додҳои ба қувваи қонун надаромадаи Тоҷикистон ба Конститутсия; 2) халли баҳсҳои байни мақомоти давлатӣ доир ба салоҳияти онҳо; 3) иҷрои ваколатҳои дигаре, ки Конститутсия ва қонурхо муайян кардаанд. Санадҳои Суди конститутсионй қатъист.
Моддаи 90. Судя наметавонад вазифаи дигареро иҷро намояд, вакили мақомоти намояндагй, узви хизб ва созмонҳои сиёсй бошад, ба соҳибкорӣ машғул гардад, ба истиснои фаъолияти илмиву эҷодй ва омӯзгорй.
Моддаи 91. Судя ҳуқуқи дахлнопазирй дорад. Ӯро бе ризоияти макомоте, ки интихоб ё таъин кардааст, ҳабс кардан ва ба ҷавобгарии ҷиной кашидан мумкин нест. Судяро дастгир кардан мумкин нест, ба истиснои дастгир кардани ӯ ҳангоми содири ҷиноят.
Моддаи 92. Ёрии ҳуқуқй дар тамоми марҳилахои тафтишот ва мурофиаи судй кафолат дода мешавад. Тарзи ташкил ва тартиби фаъолияти адвокатура ва дигар шаклҳои ёрии хуқуқиро қонун муайян мекунад.
Боби нӯхум
ПРОКУРАТУРА
Моддаи 93. Назорати риояи дақиқ ва иҷрои якхелаи қонунҳоро дар каламрави Тоҷикистон Прокурори генералй ва прокурорҳои тобеи он дар доираи ваколати худ татбиқ менамоянд.
Моддаи 94. Низоми ягонаи марказонидашудаи прокуратураи Тоҷикистонро Прокурори генералй сарварй мекунад. Прокурори генералй дар назди Мачлиси миллй ва Президент масъул аст.
Моддаи 95. Прокурори генералии Тоҷикистон ба мӯхлати 5 сол таъин мешавад. Прокурори генералй прокурорҳои тобеи худро таъин ва озод мекунад. Мӯхлати ваколати прокурорҳо 5 сол аст. Фаъолият, салоҳият ва сохтори мақомоти прокуратураро қонуни конститутсионй танзим мекунад.
Моддаи 96. Прокурори генералй ва прокурорҳои тобеи он бе дахолати дигар мақомоти давлатй ва шахсони мансабдор мустақилона дар асоси қонун фаъолият мекунанд.
Моддаи 97. Прокурор наметавонад вазифаи дигареро иҷро намояд, вакили мақомоти намояндагй, узви ҳизб ва созмонҳои сиёсӣ бошад, ба соҳибкорй машғул шавад, ба истиснои фаъолияти илмиву эҷодй ва омӯзгорй.
Боби даҳум
ТАРТИБИ ТАҒЙИРИ КОНСТИТУТСИЯ
Моддаи 98. Тағйиру иловахои Конститутсия бо роҳи раъйпурсии умумихалкй сурат мегирад. Раъйпурсиро Президент ва ё Маҷлиси намояндагон бо тарафдории на камтар аз се ду ҳиссаи шумораи умумии вакилон таъин мекунанд.
Моддаи 99. Тағйиру иловаҳоро ба Конститутсия Президент ё ҳадди ақал аз се як ҳиссаи умумии аъзо ва вакилони Мачлиси миллй ва Маҷлиси намояндагон пешниҳод мекунанд. Пешниҳоди тағйиру иловаҳои Конститутсия се моҳ пеш аз раъйпурсй дар матбуот чоп мешавад.
Моддаи 100. Шакли идораи ҷумхурй, тамомияти арзй, моҳияти демократй, ҳуқуқбунёдй, дунявй ва ичтимоии давлат тагйирнопазиранд.
МУҚАРРАРОТИ ИНТИҚОЛЙ
1. Тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарконуни) Ҷумхурии Тоҷикистон пас аз эълони натиҷаи раъйпурсии умумихалкй ва аз рӯзи интишори расмиаш эътибори хуқуқй пайдо мекунанд.
2. Қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқие, ки то ворид намудани “Тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарконуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон” амал мекарданд, дар он қисме, ки ба тагйиру иловахо мухолиф нестанд, амал мекунанд.
3. Интихоби пай дар пайи Президент барои ду мӯҳлат, ки дар қисми чоруми Моддаи 65 пешбинй шудааст, баъд аз ба охир расидани ваколати Президента амалкунанда огоз меёбад.
4. Судяҳои ҳамаи судхои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки то эътабор пайдо кардани ‘Тағйиру иловахо ба Конститутсияи (Сарконуни) Ҷумхурии Тоҷикистон” интахоб ва ё таъин шудаанд, ваколати худро то анҷоми мӯхлаташон нигоҳ медоранд. Баъд аз эътибори хуқуқӣ пайдо кардани тагйиру иловахо судяҳо ба мӯҳлата 10 сол интахоб ва ё таъин мешаванд.
МОСКОВСКИЙ ГОСУДАРСТВЕННЫЙ УНИВЕРСИТЕТ
имени М.В. ЛОМОНОСОВА
ИНСТИТУТ СТРАН АЗИИ И АФРИКИ
В. Б. Иванов, Е. В. Семенова, Ҳ. О. Хушқадамова
Учебник таджикского языка
для стран СНГ
В двух частях
Часть I
Москва
ИД «Ключ-С»
2009