Урок 13
Текст Забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Текст Забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Государственный язык Республики Таджикистан
Забони тоҷикиро меомӯзем, то ки дар оянда бо Тоҷикистон ҳамкорй кунем. Забони тоҷикй забони давлатии Ҷумхурии Тоҷикистон бошад ҳам, нуфузаш дар кишварҳои дигар низ зиёд аст. Ин забои дар ҷумҳуриҳои Узбекистон, Туркманистон, Қирғизистон, Қазоқистон ва ғайраҳо низ истифода мешавад. Тоҷикону афғонҳову эрониҳоро ҳамзабон мегӯянд, зеро таъриху фарҳанги ягона доранд. Ин забонро аз худ мекунем, то ки ба Эрону Афғонистон ҳам баҳузур равуо намоем. Омӯхтани ин забон боз барои он зарур аст, ки он дар ривоҷу равнақи фарҳанги ҷаҳонӣ саҳми беандоза дорад. Ахди дар ҷаҳон шинохтаи илму адаб аз қабили Абӯабдуллоҳи Рӯдакй, Абулқосими Фирдавсй, Закариёи Розй, Абӯалӣ ибни Сино, Носири Хусрав, Умари Хайём ва бисёр дигарон, ки имрӯз мояи ифтихори халқанд, маҳз бо ин забон осори ҷовидонӣ офаридаанд. Мақоми забони тоҷикй дар давраи Сомониён то он дараҷае афзуд, ки он дар тӯли беш аз хдзор сол ба ҳайси забони расмии давлатй хизмат кард. Забони тоҷикӣ барои наслҳои имрӯза барои он ёдгор мондааст, ки дар ҷараёни ташаккули худ дар натиҷаи заҳматқои бедареғи фарзандони барӯманди халқи тоҷик аз устод Рӯдакӣ cap карда то Садриддин Айнй аз санҷишу имтиҳонҳои таърихй гузашт. Тоҷикистон дар айёми дар ҳайати собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ будан ҳам дар тамоми ҷаҳон машҳур буд, зеро забони тоҷикӣ дар муаррифии он берун аз қаламрави кишвар нақши бузург бозид. Шоиру нависандагони тоҷик асарҳои пурмазмун офариданд, то ки аз меҳнати бунёдкоронаи тоҷикистониён ба ҷаҳониён мужда расонанд.
Рис. 5. Памятник Садриддину Айни в Душанбе
Ҳамин тавр, мо ба омӯзиши забони тоҷикй диққат медиҳем, то ки асарҳои баландмазмуни шоиру нависандагони тоҷикро дар асл мутолиа намоем. Омӯхтани забони тоҷикй боз барои он зарур аст, ки агар ба Тоҷикистон ба ҳайси сайёҳ ё кӯҳнавард равем, ба мо тарҷумон л озим намешавад.
Баъзе калимаҳои тоҷикӣ ба вожаҳои забони русй барои он монанданд, ки ҳар ду забон ба гурӯҳи эронии хонаводаи забонҳои ҳиндуаврупой тааллуқ доранд.
Аз таърихи қабули Қонуни забони Ҷумхурии Точикистон (22 июли соли 1989) вакги зиёд гузашта бошад ҳам, татбиқи он ҳануз ба таври дилхоҳ сурат нагирифтааст. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин замина як силсила қарору тадбирҳо ба тасвиб расониданд, то ки Қонуни забои давра ба давра дар тамоми идораву муассисот ва корхонаву ташкилот татбиқ гардад.
Рӯзи 22 июл — санаи қабули Қонуни забони Ҷумхурии Тоҷикистон дар кишвар барои он Рӯзи забони тоҷикӣ эълон гардидааст, то ки аҳамият ва зарурати омӯзиши забони точикй, ки онро пешрафти ҷомеа ба миён гузоштааст, махсус таъкид гардад.
Комментарий
1. Приставка хам- от ряда существительных образует существительные и, реже, прилагательные в значении «имеющий одинаковый с кем-л. признак»:
ҳамзабон говорящий на одном языке; хамном тёзка; ҳамсол сверстник, ровесник; ҳамсинф одноклассник.
2. Запомните некоторые часто встречающиеся выражения: мояи ифтихори халқ причина гордости народа.
дар айёми дар хайати собиқ Иттиходи Шӯравӣ будан во времена бывшего Советского Союза. Вазорати маориф Министерство просвещения. ба миён гузоштан ставить, поднимать (вопрос).
МОСКОВСКИЙ ГОСУДАРСТВЕННЫЙ УНИВЕРСИТЕТ
имени М.В. ЛОМОНОСОВА
ИНСТИТУТ СТРАН АЗИИ И АФРИКИ
В. Б. Иванов, Е. В. Семенова, Ҳ. О. Хушқадамова
для стран СНГ
В двух частях
Часть I
Москва
ИД «Ключ-С»
2009
- Учебник таджикского языка – Урок 13 – Придаточное предложение цели
- Учебник таджикского языка – Урок 13 – Глагол будан в форме аориста
- Учебник таджикского языка – Урок 13 – Упражнения 1-5
- Учебник таджикского языка – Урок 13 – Перфект
- Учебник таджикского языка – Урок 13 – Упражнения 6-9
- Учебник таджикского языка – Урок 13 – Текст Забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
- Учебник таджикского языка – Урок 13 – Упражнения 6-11
- Учебник таджикского языка – Урок 13 – Словарь