Tajik Development Gateway на русском языке > Учебник таджикского языка > Учебник таджикского языка – Урок 15 > Учебник таджикского языка – Урок 15 – Текст Ҷуғрофияи Тоҷикистон География Таджикистана

Учебник таджикского языка – Урок 15 – Текст Ҷуғрофияи Тоҷикистон География Таджикистана

Урок 15

Текст Ҷуғрофияи Тоҷикистон География Таджикистана

Сарҳади Тоҷикистон бисер печдарпеч буда, дар тӯли чандин асрҳо ташаккул ёфтааст. Дар шимоли ғарб Точикистон бо Узбекистан, дар шимол бо Қирғизистон ҳамхудуд аст. Тоҷикистон дар ҷануб ба масофаи 1030 км бо Ҷумҳурии Исломйи Афғонистон ҳамсарҳад мебошад. Сархади Точикистон бо Афгонистон соли 1885 мукаррар шудааст ва он аз дарёҳои Панҷ ва Ому мегузарад. Дар шарқ Точикистон ба масофаи 430 км бо Ҷумҳурии Халқии Хитой ҳамсарҳад аст. Дар ҷануби шарқ Тоҷикистонро аз Ҳиндустон ва Покистон қитъаи бараш аз 15 то 65 км чудо мекунад.
Точикистон сарзамини кӯҳсор аст. Баландии мутлақи он аз 300 то 7495 м мебошад. 93 фоизи ҳудуди Тоҷикистонро кӯҳҳо ва 7 фоизи онро ҳамвориҳо ишғол кардааст. Ахолии он зиёда аз 7 миллион нафар мебошад.
Точикистон сарзамини тазодхои табиии шигифтангез мебошад. Силсилакӯҳҳои баланде, ки сарчашмаи бештари дарёҳои минтақаи Осиёи Марказӣ ҳастанд, дараҳои зебоманзар, водиҳои гарми дорой вазъи иқлимии мӯътадил, ки дар онҳо киштзорҳои пахта, ангурзорҳо, богҳои меваҳои шахдбор доман паҳн кардаанд, биёбонҳои баландкӯҳе, ки дар сардиву сармо камтар аз фасли зимистони Сибир нест — ин ҳама дар ҳудуди Ҷумҳурии Точикистон воқеъ гардидааст.
Сарзамини Тоҷикистон дар нақшаҳои чуғрофиёй бо рангҳои қаҳвай ва қаҳваии тираи худ фарқ мекунад ва ин бад-он маънист, ки кишвар саросар кӯҳй аст. Баландтарин нуқтаҳои он нисбат ба сатҳи баҳр аз 500 метр (дар водии дарёи Вахш) то 7500 метр (дар Помир) мебошад. Баландтарин қаторкӯҳҳои ҷаҳон — Помир ва Тиёншон дар ҳудуди ин кишвар воқеъ буда, азимтарин каторкӯҳҳои Осиёи Марказй — Қароқурум, Куенлунг дар минтақаи Бадахшон пайваст мешаванд. Қуллаи баландтарин бо номи Исмоили Сомонй (7490 метр), баландтарин кули дорой оби шӯр Қарокул (3914 метр) ва азимтарин пиряхи ба номи Федченко (бо дарозии 77 километр ва гафсии 800 метр) дар қаторкӯҳҳои номбурда воқеанд.
Дар Точикистон кариб ҳазор дарё ва рӯд аст. Бузургтарин дарёҳои Точикистон дарёи Ому ва Сир мебошанд. Дар асрҳои миёна дарёи Омуро Ҷайхун ва дарёи Сирро Сайхун меномиданд. Дарёи Ому дар натиҷаи якҷо.я шудани дарён Панч ва дарён Вахш ташкил мешаванд. Дарён Сир дар натичаи бо ҳам пайваст шудани якчанд дарёчаҳо ба вуҷуд омадааст. Кӯлу дарёҳои Тоҷикистон мардум йа заминҳои ҷумҳуриҳои Осиёи Миёна — Ӯзбекистон ва Турманистонро аз об таъмин менамоянд.
Табиати ин* сарзаминро наметавон бе истифодаи такрор ба такрор аз вожаҳои «беназир» ва «беҳамто» тавсиф кард. Мавзеи Искандаркӯл ҳамчун марвориди беназир дар иҳотаи кӯҳҳои Фон, маҳалли дилписанди сайёҳон аз саросари ҷаҳон аст. Кӯлҳои Марғзор низ беҳамтоанд ва ин мавзеъ дар зебой ягонаву якто мебошад, зеро ҳар яке аз кӯлҳои номбурда мӯҳраи гаронбаҳоеро дар гарданбанди зебо мемонад. Ҳафт кӯли пайваста дорой рангҳои гуногун аст.
Дар Точикистон минтақақое ҳастанд, ки олами набототи он ҳанӯз бикру дастнахӯрда аст. Обу ҳавои чунин минтақаҳо ба сабаби душворгузар ва дурдаст будан аз маҳаллҳои маскунй ва набудани роҳҳои мошингард поку гуворост. Дар кӯҳсори Точикистон беш аз чаҳорсад навъи набототи доруиро метавон пайдо намуд.
Дар Точикистон амалиёти кӯҳпайдошавй ва ташаккули водиҳо ҳоло хам идома дорад. Точикистон аз ҷумлаи мавзеъҳои серзилзилаи ҷаҳон аст. Дар ин ҷо заминларзаҳои сует кариб ҳар рӯз мушоҳида мешаванд. Заминларзаҳои миёна ҳар сол, заминларзаҳои сахт сари ҳар чанд сол ва заминларзаҳои харибовар пас аз даҳсолаҳо pyx медиҳанд.
Комментарий
1. Запомните следующие географические названия:
Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Исламская Республика Афганистан (ИРА);
Ҷумҳурии Халқии Хитой Китайская Народная Республика (КНР).
2. Запомните следующие распространённые выражения:
доман паҳн кардан расстилаться,
бо хам пайваст шудан сливаться, соединяться;
якҷоя шудан соединяться;
ба вуҷуд омадан создаваться;
амалиёти кӯхпайдошавй процесс горообразования, сейсмоактивность.
3. Дар аерхои миёна дарёи Омуро Ҷайҳун ва дарёи Сирро Сайхун меномиданд. В средние века Аму-Дарью называли Джайхун, а Сыр-Дарью — Сайхун. В книгах по востоковедению можно также встретить написания Джейхун и Сейхун.


МОСКОВСКИЙ ГОСУДАРСТВЕННЫЙ УНИВЕРСИТЕТ
имени М.В. ЛОМОНОСОВА
ИНСТИТУТ СТРАН АЗИИ И АФРИКИ
В. Б. Иванов, Е. В. Семенова, Ҳ. О. Хушқадамова
Учебник таджикского языка
для стран СНГ
В двух частях

Часть I
Москва
ИД «Ключ-С»
2009