Tajik Development Gateway на русском языке > Учебник таджикского языка > Учебник таджикского языка – Урок 19 > Учебник таджикского языка – Урок 19 – Текст Иқтисодиёти Ҷумхурии Точикистон Экономика Республики Таджикистан

Учебник таджикского языка – Урок 19 – Текст Иқтисодиёти Ҷумхурии Точикистон Экономика Республики Таджикистан

Урок 19

Текст Иқтисодиёти Ҷумхурии Точикистон Экономика Республики Таджикистан

Тоҷикистон охири солҳои хаштодум кариб аз рӯи ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқ пеш рафта истода буд, ки ҷанги ҳамватанй оғоз ёфт. Мухолифати мусаллаҳонаи солҳои 90-уми асри гузашта дар кишвар боиси талафоти зиёди ҷониву молиявй гардиданд. Ба иқтисодиёти ҷумҳурй ба маблағи ҳафт миллиард доллари америкой зарар расонда шуд. Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллй дар Точикистон 27 июни соли 1997 дар Москва аз ҷониби Президента Точикистон Эмомалй Рахмон ва роҳбарияти Иттиҳоди мухолифини Точикистон Саид Абдулло Нурй ба имзо расид. Бо ин марҳилаи аз хама вазнин — давраи аввали мустакилият дар ҳаёти кишвар паси cap шуд ва барои барқароркунии иктисодиёт шароит фарохам омад. Азнавсозиву бунёдгузории корхонаҳои саноатй, аз ҷумла бо ҷалби сармояи хориҷӣ оғоз гашт. Сарфи назар аз ҳама мушкилоти иқтисодӣ, сохтмони роҳ аз тарафи Карокорум ба тарафи шарқ ва ҷануби Осиё cap шуд. »
Дар ҳазорсолаи нав саноату иктисодиёти Ҷумҳурии Точикистон қувват гирифт. Таъмиру тачдид гардидани шоҳроҳи мошингарди Кӯлоб-Хоруғ-Кулма-Карокорум, се пул дар болои дарёи Панч Тоҷикистонро ба василаи марзи Чин ба уқёнуси Ҳинд баровард. Дар чанд соли охир дар ҳаёти сиёсй, иктисодй, иҷтимоӣ ва фарҳангии Точикистон тағйиротҳои калоне ба амал омада истодаанд. Тавассути сохтмони роху пулхои дорой аҳамияти ҷумҳуриявй ва байналмилалй Точикистон аз бунбасти коммуникатсионй баромада истодааст. Ҳамчунин poxy пулҳои дорой аҳамияти маҳаллй дар шаҳру ноҳияхои мамлакат бунёд ва барқарор шуда истодаанд.
Дар каламрави Точикистон имкониятҳои густариш додани саноати маъдани кӯҳй зиёд аст. Имрӯз дар микёси кишвар зиёда аз 400 кони захираи нафту газ, ангиштсанг, тилло, нуқра, намак, маводи сохтмон, обхои минералй ва шифобахш муайян гардидааст. Лаъли Бадахшону Конимансур Тоҷикистонро дар дунё машхур гардондааст.
Точикистон дорои захираҳои фаровони об аст. Дар кишвар ба бунёди нерӯгоххои хурди барки обӣ диқкат дода истодаанд. Дар айни ҳол дар мамлакат 95 нерӯгоххои хурд сохта шудааст.
Чанде пеш агрегата дуюми нерӯгохи барқи обии “Сангтуда-1” ба истифода дода шуд. Имрӯзхо сохтмони нерӯгоҳҳои бузурги барқии Роғун ва “Сангтуда-2” босуръат идома ёфта истодааст. Ба истифода додани ин нерӯгоҳхо дар солхои наздиктарин ба рушди бомароми саноат! ва умуман истеҳсолоти кишвар оварда мерасонад. Вазъи ташкилоту корхонаҳои истеҳсолй, муассисахои маорифу тандурустй, фарҳанги ва маишиву ичтимой дар гӯшахои мухталифи мамлакат бехтар гардида, кори онхо тадриҷан ба талаботи замон мувофиқ гардонда шуда истодааст.
Пешрафти истеҳсолоти кишоварзй омили муҳимтарини таъмини амнияти озуқавории Тоҷи- кистон мебошад. Боду ҳавои кишвар барои коридани пахта, ки онро дар ин ҷо “тиллои сафед” ҳам мегӯянд, мувофиқ аст. Ин соҳа дар замони Итгиҳоди Чамоҳири Шӯравии Сотсиалистй яке аз бахшҳои афзалиятноки хоҷагии халқ ба шумор мерафт. Иқлим ва обу замини кишвар барои парвариши тамоми навҳои зироат ва меваю сабзавот мусоид аст. Ҳоло дар чумҳурй барои дастгирии соҳаи кишоварзй механизми қарздиҳии хурд фаъолона ба роҳ монда шуда, як қатор лоиҳаҳои инвеститсионй мавриди татбиқ қарор гирифта истодаанд. Азхудкунии заминҳои нави обй идома дорад. Дар Тоҷикистон зироатҳои ғалладонагй, картошка ва сабзавот низ парвариш меёбанд.

Рис. 8. Нурекская ГЭС

Тоҷикистон мушкилоти зиёди иктисодй ҳам дорад. Сарфи назар аз ин, дар мамлакат ислоҳоти иқгисодй идома дорад ва роҳи рушди тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа пеш гирифта шудааст. Тоҷикистон талош дорад, ки ба рушди энергетикаи обй, дастовардҳои муҳими коммуникатсионй, истихроҷу коркарди боигариҳои зеризаминй, таъмини амнияти озуқаворӣ ва дигар комёбихои тозаи иқтисодиву иҷтимой ноил гардад.

Комментарий

1. Запомните следующие распространённые словосочетния: ҷанги ҳамватанй гражданская война;
талафоти ҷониву молиявй людские и материальные потери; шоҳроҳи мошингард автомагистраль; зироатҳои ғалладонагй зерновые культуры; сарфи назар аз чизе невзирая на что-л.; дар айни ҳол в то же самое время;
Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллй Общее соглашение о мире и национальном примирении.
Иттиҳоди мухолифини Точикистон Объединённая таджикская оппозиция (ОТО);
Иттиҳоди Ҷамоҳири Шӯравии Сотсиалистй Союз Советских Социалистических Республик (СССР).
2. Запомните следующие распространённые глагольные сочетания:
паси cap шудан отступать, оставаться позади; шароит фарохам омад были созданы условия; ба амал омадан происходить, совершаться;
ба истифода додан (чизеро) вводить в строй, вводить в экслуатацию’,
ба талаботи замон мувофиқ гардондан (чизеро) делать соответствующим потребностям времени.
3. Следующие обороты повышают стиль изложения:
чизеро мавриди татбиқ қарор додан ~ чизеро татбик кардан осуществлять, реализовывать; мавриди татбик карор гирифтан осуществляться, реализовываться; чизеро ба имзо расондан ~ чизеро имзо кардан подписывать; ба имзо расидан подписываться.


МОСКОВСКИЙ ГОСУДАРСТВЕННЫЙ УНИВЕРСИТЕТ
имени М.В. ЛОМОНОСОВА
ИНСТИТУТ СТРАН АЗИИ И АФРИКИ
В. Б. Иванов, Е. В. Семенова, Ҳ. О. Хушқадамова
Учебник таджикского языка
для стран СНГ
В двух частях

Часть I
Москва
ИД «Ключ-С»
2009