Tajik Development Gateway на русском языке > Учебник таджикского языка > Учебник таджикского языка – Урок 21 > Учебник таджикского языка – Урок 21 – Текст Абӯабдуллоҳи Рӯдакй

Учебник таджикского языка – Урок 21 – Текст Абӯабдуллоҳи Рӯдакй

Урок 21

Текст Абӯабдуллоҳи Рӯдакй

Асри X дар таърихи адабиёти халқи тоҷик бо хатти заррин сабт ёфтааст. Дар байни шоирони ин давр сардафтари адабиёти форсу тоҷик Абӯабдуллоҳ Ҷаъфар ибни Мухаммади Рӯдакӣ чои аз ҳама намоёнро ишғол менамояд. Абӯабдуллоҳи Рудакй соли 858 дар Рӯдак, деҳаи имрӯзаи Панҷрӯди ноҳияи Панҷакенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таваллуд ёфтааст. Рӯдакӣ тахаллуси шоир аст. Ӯ закию тезфахм буда, Қуръонро дар ҳафт-ҳаштсолагй аз ёд намудааст. Ин аз қувваи ҳофизаи баланди ӯ дарак медиҳад. Хеле барвақт ба шеъргӯй оғоз намудааст. Вай дар зодгоҳаш соҳиби савод гардида, барон такмили донишу хунар озими Самарканд гардидааст.

Истеъдоди баланди шоирӣ, мусиқинавозй ва овози форам Рӯдакиро ҳануз дар айёми ҷавониаш машҳур гардонида буд. Шоир навохтани уду руд, барбату найро машқ карда, дар ин самт хам ба дараҷаи устодй расидааст. Ӯ дар замони ҳукмронии Наср бинни Аҳмади Сомонй (давраи хукмрониаш 864-892) дар инҷо таҳсил карда, ба дарбор таклиф карда мешавад. Маҳз ҳамин вақг Рӯдакй Малик- ушшуаро (шоҳи шоирон) таъин мегардад. Баъдтар шӯҳрати ӯ боиси ба Бухоро ба хизмати амири бохираду тавоно Исмоили Сомонй (892-907) даъват шуданаш гардидааст. Шоири машҳур сипас хизматро дар дарбори Ахмад ибни Исмоил (907-914) ва Наср ибни Ахмад, яъне Насри II (913-943) идома медиҳад. Маҳз дар замони ҳукмронии Насри II ибни Ахмад Рӯдакй ба обрӯ ва нуфузи бузург соҳиб гашт. Албатта, ин ба нотавонбинони дарбор хуш наомад ва шоиррро таъқиб карда, ба чашмаш мил кашида, ӯро кӯр карданд. Абӯабдуллоҳи Рӯдакй солҳои охири умр ба азобу машақкат гирифтор гашта, дӯстонаш ӯро ба зодгоҳаш баргардонданд ва баъди се сол — соли 941 дар Панчрӯд вафот кард.

Рудакй эҷодгари достонҳои «Калила ва Димна», «Синбоднома», қасидаҳои калонҳаҷми «Модари май», «Шикоят аз пирй», манзумаҳои зиёд, ғазалиёту рубоиёти олй ва дигар навъҳои шеър мебошад. Панду ҳикматҳои шоир, эҷодиёти инсондӯстонаи ӯ то имрӯз арзиши хешро гум накардаанд ва чун сухани олй ҷовидон хоханд монд. Оҳангбандон ба бисёре аз ашъори ӯ оҳанг бастаанд. Сурудаҳои Рӯдакй вирди забони халқ гаштаанд.

Барой пос доштани хотираи шоир бар рӯи оромгоҳи ӯ дар зодгоҳаш дар деҳаи Панҷруд мақбараи зебое сохта шуда, хиёбони калонтарин ва зеботарини шаҳри Душанбе ба номи Рӯдакй гузопгга шудааст. Ба номи устод Мукофоти давлатии Тоҷикистон дар соҳаи адабиёту санъат таъсис гардидааст. Ҳар сол дар қатори идҳои кишвар 22-юми сентябр Рӯзи Рӯдакй бо шукӯху шаҳомат ҷашн гирифта мешавад. Боз чандин муассисаи илмию таълимй, донишкада, мактабҳо ба номи ин хуршеди беғуруби шеър номгузорй гаштаанд. Аз он ҷумла, Пажӯҳишгоҳи забон ва адабиёти Академияи улуми Ҷумҳурии Точикистон низ ба номи Рӯдакй гузошта шудааст.

Соли 2008 бо Қарори Ҳукумати Ҷумхурии Тоҷикистон ва дастгирии ЮНЕСКО Соли Рӯдакй эълон гардида, дар кишварҳои ҷахон 1150-солагии зодрӯзи маликушшуаро ҳамчун иди тамоми точикону форсизабонони дунё бо шукӯҳу шаҳомати хоса таҷлил гардид. Дар дили зебошаҳр Душанбе ба ин муносибат Боғи устод Рӯдакӣ дари хешро барои ҳамагон, барои дӯстдорони шеъру адаби тоҷикй боз намуд. Касе, ки вориди он гардад, ҳатман шъере ё пандерб аз устод ба хотир хоҳад овард. Бо ташаббуси Бунёди байналмилалии робитаҳои хуманитарии кишварҳои аъзои ИДМ бо унвони «Абӯабдуллоҳи Рӯдакй» китоби рангаи ашъори шоир бо забонҳои тоҷикй, русй ва англисй аз чоп баромад. Ин ва бисёр китобхои зиёде, ки дар Тоҷикистон таҳия шудаанд, метавон тӯҳфаи арзишманд барои ҷашни кабири умумибашарии устод номид.

Комментарий

1. В таджикской классической поэзии наиболее популярными стихотворными жанрами были қасида касыда, ғазал газель, рубой рубаи.

Қасида касыда — довольно большое стихотворение, основная цель которого восхваление властителя, при дворе которого жили и творили средневековые поэты.

Ғазал газель — лирическое стихотворение, посвящённое любви, размышлениям о жизни, описаниям природы.

Рубой рубаи — краткое (всего на 4 строки) афористичное стихотворение, написанное в народном стиле.

Как правило, газели и рубаи имеют двойной или даже тройной смысл. Каждый читатель находит в них что-то своё. Так, знаменитый поэт Омар Хайям внешне писал свои рубаи о вине, кабаке и виночерпии. Проявив некоторую фантазию, читатель замечал, что излагаемые им истины соотносимы также с верой, храмом и богом. А взглянув на их содержание с иной точки зрения, читатель представлял, что это стихотворение о любви и возлюбленной.

2. Запомните словосочетания, относящиеся к литературной деятельности:

маликушшуаро царь поэтов (титул главы придворных поэтов в Средней Азии, Иране и Северной Индии);

оҳанг бастан ба ашьор сочинять мелодию, мотив на стихи; оҳангбанд музыкант, перекладывающий стихи на музыку, хуршеди бегуруби шеър незаходящее солнце поэзии.

3. Запомните распространённые выражения:

вирди забони халқ шудан повторяться всеми, быть у всех на устах, входить в поговорку; номгузорй шудан ба номи касе называться (в честь кого-л.);

Пажӯҳишгоҳи забои ва адабиёти Академиям улуми Ҷумҳурии Точикистон Институт языка и литературы Академии наук Республики Таджикистан;

бо ташаббуси Бунёди байналмилалии робитаҳои хуманитарии кишвархои аъзои ИДМ По инициативе Межгосударственного Фонда гуманитарного сотрудничества государств-участников СНГ.


МОСКОВСКИЙ ГОСУДАРСТВЕННЫЙ УНИВЕРСИТЕТ
имени М.В. ЛОМОНОСОВА
ИНСТИТУТ СТРАН АЗИИ И АФРИКИ
В. Б. Иванов, Е. В. Семенова, Ҳ. О. Хушқадамова
Учебник таджикского языка
для стран СНГ
В двух частях
Часть I
Москва
ИД «Ключ-С»
2009