Tajik Development Gateway на русском языке > Учебник таджикского языка > Учебник таджикского языка – Урок 23 > Учебник таджикского языка – Урок 23 – Текст

Учебник таджикского языка – Урок 23 – Текст

Урок 23

Текст Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил Содружество Независимых Государств

Таъсиси Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ки ба 8 декабри соли 1991 рост меояд, аз тарафи давлатҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравй гувоҳи алоқамандиву ифодаи умумияти таърихии зиёда аз 70- солаи онҳо дар давлатй ягона мебошад. ИДМ созмони сифатан нави давлатҳои сохибихтиёри собиқ Иттиҳоди Шӯравй буда, дар асоси меъёрҳо ва принсипҳои ҳуқуқи байналмилалй созмон ёфтааст.

Максади Иттиҳод амалй намудани ҳамкориҳои сиёсй, иқтисодй, экологй, гуманитарй, мусоидат ба шаҳрвандони давлатҳои аъзо дар муносибати озод, алоқа ва равуо дар Иттиҳод, ёрии ҳуқуқии мутақобила ва ҳалли баҳсу муноқишаҳои дохилидавлатии давлатҳои Иттиҳод бо роҳи осоишта мебошад. Қобил ба ёдоварист, ки дар солқои аввали ташаккулёбии ин шакли интегратсияи байналмилалй на ҳамаи ҳадафҳои он пурра амалй гаштанд. Аз ин рӯ, Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил барои каммаҳсул буданаш ҳамчун омили робитаҳои бисёрҷониба зери тозиёнаи танқид гирифта шуд. Барои ҳамин кишварҳои Иттиҳод ҳамроҳ роҳҳои нави ҳамкориҳои мутақобиларо дар соҳақои гуногун ҷустуҷӯ намуда, масъалаи ислоҳоти ИДМ-ро ба миён гузоштанд.

Аз соли 1991 cap карда сохтори органҳои дохили Иттиҳод чандин маротиба тағйир ёфт. 1-2 апрели соли 1999 дар чаласаи Шӯрои сарони давлатҳои ИДМ қарор қабул карда шуд, ки аз ҳисоби кам кардани шумораи созмонҳо ва кормандон ислоҳоти ИДМ гузаронда шавад. Ҳамин тавр органи доимоамалкунандаи иҷроия, маъмурй ва ҳамоҳангсоз — Кумитаи иҷроияи ИДМ таъсис ёфт. Сохтори ИДМ имконият фароҳам овард, ки дар баробари Шӯрои сарони кишварҳо ва Шӯрои сарварони ҳукуматҳо Ассамблеяи байнипарламентӣ, Суди иқтисодӣ, Шӯрои вазирони корҳои хориҷй, Кумитаи иҷроия, Шӯрои иктисодй, Шӯрои вазирони мудофиа ва ғайра дар дохили он амал кунанд.

Дар муддати ҳабдаҳ соли мавҷудияти Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар ҳаёти он тағйиротҳои зиёде ба амал омаданд. Мулоқоти ғайрирасмии сарони кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ки 22 феврали соли 2008 дар Бинои пазиришқои расмии Ҳукумати Россия баргузор гардид, нишон дод, ки ин шакли интегратсияи байналмилалй оянда дорад. Зеро сарони давлатҳо омодагии худро баҳри таҳкиму густариши ҳамкориҳои судманд дар доираи ИДМ таъкид доштанд. Ҳоло Россия, Қазокистон, Қирғизистон, Озарбойҷон, Тоҷикистон, Узбекистан, Белоруссия, Арманистон, Украина ва Молдова кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил мебошанд.

* * *

Тоҷикистон аз рӯзҳои аввали истиқлолияти худ — 9 сентябри соли 1991 самтхои асосии манфиати миллй ва сиёсати хориҷиашро муайян намуд. 15 декабри соли 1991 ҷумҳурй шартномақоро дар бораи таъсиси Иттиҳоди Давлатқои Мустақил (ИДМ) ба имзо расонд. Иштироки Ҷумқурии Тоҷикистон дар фаъолияти ИДМ яке аз самтҳои муҳими сиёсати хориҷии кишвар ба шумор меравад. Президента Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон чандин бор изқор дошт, ки Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил бояд нигоҳ дошта шавад. Моҳи октябри соли 2007 дар шаҳри Душанбе дар чаласаи навбатии ИДМ нақшаи чорабиниҳои асосй оид ба татбиқи амалии Консепсияи рушди минбатшаи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баррасй шуд.

Сарвари давлатй Тоҷикистон зимни муҳокимаи масоили ҳалталаб таваҷҷӯҳи сарони давлатҳоро ба рушди ҳамкориҳои иқгисодй, наклиётию коммуникатсионй, ташкили минтақаи озоди савдо ва бозори ягонаи энергетикию озуқаворй дар қаламрави ИДМ чалб намуд. Соли 2008 дар кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатхои Мустақил Соли адабиёт ва хониш буд, ки ин пешнихдци Президента Ҷумҳурии Тоҷикистон буд. Дар чаҳорчӯбаи таҷлили 1150-солагии маликушшуаро Абӯабдуллоҳи Рӯдакй, ки зери назари созмони умумиҷахонии фарҳангии ЮНЕСКО чараён гирифт, дар пойтахта кишвар Форуми сеюми зиёиёни эҷодкори ИДМ ба дарачаи баланди ташкилй гузаронда шуд. Бояд тазаккур дод, ки бо пешниҳоди Тоҷикистон ҷои гузарондани он Душанбешахр интихоб гардида буд.

Комментарий

1. Давлатҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравй республики бывшего Советского Союза. Обратите внимание на порядок слов в изафетной цепи!

ҳуқуқи байналмилалй международное право;

хал л и баҳсу муноқишақо решение споров и конфликтов. Обратите внимание на удвоение согласной л в изафетной конструкции!

органи доимоамалкунандаи иҷроия постоянно действующие исполнительные орган;

Бинои пазиришқои расмии Ҳукумати Россия Дом приёмов правительства России;

ташкили минтақаи озоди савдо создание свободной торговой зоны – создание свободной зоны торговли;

зиёиёни эҷодкор творческая интеллигенция.

2. Қобил ба ёдоварист стоит отметить, стоит напомнить;

на хам а и хадафхои ИДМ пурра амалй гаштанд не все цели СНГ были достигнуты в полном объёме. Обратите внимание на употребление отрицательной частицы на!

зери тозиёнаи танкид гирифтан попасть под огонь (букв. — под кнут) критики;

имконият фарохам овардан создавать возможности;

ба шумор рафтаи считаться;

таваҷҷӯҳи касеро ҷалб кардан привлекать внимание кого-л.

3. тағйиротҳои зиёде ба амал омаданд произошли большие перемены.

В активном значении употребляется оборот ба амал овардан: тағйиротҳои зиёдеро ба амал овардан производить большие перемены;

Ҷумҳурй шартномахоро дар бораи таъсиси ИДМ ба имзо расонд. Республика подписала Соглашения о создании СНГ.

В пассивном значении употребляется оборот ба имзо расидан: Шартнома дар бораи таъсиси ИДМ ба имзо расид. Было подписано Соглашение о создании СНГ

4. В рамках руководящих органов СНГ действуют следующие структуры:

Шӯрои сарони кишварҳо Совет глав государств;

Шӯрои сарварони хукуматҳо Совет глав правительств;

Ассамблеяи байнипарламентй Межпарламентская ассамблея;

Шӯрои вазирони корхои хоринй Совет министров иностранных дел;

Кумитаи иҷроия Исполнительный комитет;

Шӯрои икти сод й Экономический совет;

Шӯрои вазирони дифоъ Совет министров обороны;

Суди иқтисодй Экономический Суд;

Шартнома дар бораи таъсиси Иттиҳоди Давлатхои Мустақил Соглашение о создании Содружества Независимых Государств;

5. бозори ягонаи энергетикию озуқаворй единый энергетический и продовольственный рынок;

Соли адабиёт ва хониш Год литературы и чтения.


МОСКОВСКИЙ ГОСУДАРСТВЕННЫЙ УНИВЕРСИТЕТ
имени М.В. ЛОМОНОСОВА
ИНСТИТУТ СТРАН АЗИИ И АФРИКИ
В. Б. Иванов, Е. В. Семенова, Ҳ. О. Хушқадамова
Учебник таджикского языка
для стран СНГ
В двух частях
Часть I
Москва
ИД «Ключ-С»
2009